Чанде қабл маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо ду субъекти нав – ҶДММ «Зарфишон» ва ҶДММ «Равзана Пластик» қарордод ба имзо расонида, ба онҳо шаҳодатномаи субъекти минтақаро супурд.
Ҳамин тариқ, айни замон шумори субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» ба 18 адад расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти МОИ «Суғд» иттилоъ доданд, дар сурати пурра ба роҳ мондани фаъолияти ин корхонаҳо ҳудуди 100 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
«Таъсиси ҳар як корхонаи нави саноатӣ пеш аз ҳама муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологии нав, роҳандозии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, раҳоӣ ёфтан аз вобастагӣ ба воридоти хориҷӣ, беҳбуди рақобатпазирии иқтисод миллӣ аст, ки ба коҳиши сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ ва ҳалли дигар мушкилоти ҷомеа мусоиат мекунад», – мегӯяд роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Анвар Ёқубов.
Дар МОИ «Суғд» ҶДММ «Зарфишон» минбаъд якчанд лоиҳаҳои таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро амалӣ карданист. Ҳаҷми сармоягузории корхонаи мазкур 800 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
ҶДММ «Равзана Пластик» ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғул буда, ҳаҷми сармоягузории ин корхона ба 1,2 млн. доллари ИМА баробар аст.
Муқаррарот дар бораи МОИ «Суғд» 29-уми октябри соли 2008 аз ҷониби парлумон тасдиқ гардида, қарори таъсиси маъмурияти МОИ 7-уми марти соли 2008 қабул карда шуд. Маъмурияти МОИ «Суғд» 18-уми августи соли 2009 ба фаъолият шурӯъ карда, расо пас аз як сол субъектҳои аввалин дар ин минтақа ба қайд гирифта шуданд.