Дар давоми солҳои 1991 то 2011 дар Тоҷикистон 262 адад нерӯгоҳҳи хурди обӣ-барқӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки иқтидори умумиашон 23 МВт-ро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати энеретика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи даҳ моҳи соли равон 25 адад нерӯгоҳҳо хурди барқӣ ба истифода дода шудааст. Нерӯгоҳҳои мазкур дар маҷмӯъ 2099 хоҷагӣ ва 18 адад биноҳои маъмурӣ ва ёрирасонро бо нерӯи барқ таъмин менамояд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ сохтмони 13 нерӯгоҳҳо хурди барқӣ идома дорад. Аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар вилояти Хатлон бо иқтидори 100 кВт ва 550 кВт, дар ВМКБ бо иқтидори умумии 960 кВт ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо иқтидори умумии 1824 кВт дар ҷараён аст.
Зимнан зикр гардид, ки рафти корҳои сохтмонӣ нерӯгоҳҳо хурди обӣ-барқӣ таҳти назорати доимии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳуриии Тоҷикистон қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси «Барномаи дарозмуддати бунёди НБО-ҳои хурд барои солҳои 2009-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 2 феврали соли 2009 қабул карда шудааст, 189 адад нерӯгоҳ сохта ба истифода дода мешавад, ки иқтидори умумии онҳо 103,2 МВт-ро ташкил медиҳад. Барномаи мазкур бо мақсади истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона гардида, имконият медиҳад, ки энергияи потенсиалии дарёчаҳои хурд ва обравҳо барои таъмини ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастрас таъмин карда шавад.
Акс аз www.energyland.info