spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 млрд. $-ро ташкил дод


Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18,3% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 101 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 91 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 1 млрд. 153 млн. $-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8,8% ё худ ба миқдори 93 млн. $ бештар мебошад.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 880 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,6%  ё худ 531 млн. $ бештар аст.

Дар зарфи 11 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба миқдори 1,1%, маҳсулоти минералӣ – 3,1 баробар ва металлҳои қимматбаҳо – 2,4 баробар афзуданд.

Аз оғози сол ҳаҷми содироти маснӯъоти текстилӣ ба андозаи 30 %, маҳсулоти ғизойӣ – 41%, маҳсулоти дорои таркиби рустанӣ – 30% ва маҳсулоти минералӣ – 12,1% зиёд шуданд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...