Ахири ҳафтаи гузашта миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Швейтсария оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳрҳои минтақаи шимол ва шаҳри Хоруғ» созишномаи бурсӣ ба тасвиб расид.
Санади мазкур аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, саҳми Швейтсария дар татбиқи ин лоиҳа 12,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА қарз пешниҳод месозад.
«Бо такя ба ҳамкории пурсамар ва шарикии судманд дар доираи амалисозии беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, ки аз соли 2004 шурӯъ гардид, Бонки таҷдиду рушди Аврупо ба ҳукумати Швейтсария пешниҳод кард, ки ба маблағгузорӣ ба ин лоиҳа ва лоиҳаҳои дигар оид ба 6 шаҳри дигари минтақаи шимоли Тоҷикистон – Қайроққум, Конибодом, Исфара, Ғафуров, Табошар, Чкаловск ва ҳамчунин маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳамроҳ шавад», – гуфт манбаъ.
Вазири молияи Тоҷикистон ба дастгирии ҳукумати Швейтсария баҳои баланд дода, изҳор кард, ки лоиҳаи мазкур ба беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва ҳамчунин коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.
«Гузашта аз ин, лоиҳаи мазкур ҷавобгӯйи афзалиятҳои миллии мо буда, бо кумаки созмонҳои байнулмилалии мададрасон, аз ҷумла ҳукумати Швейтсария мо дар ин ҷода ба пешравиҳо ноил хоҳем гашт», – афзуд вазир.
Питер Микула дар навбати худ зикр кард, ки дар доираи стратегияи ҳамкорӣ барои солҳои 2012-2015 бо Тоҷикистон бахши обу обтаъминкунӣ яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ муайян шудааст ва «Швейтсария минбаъд низ шарики боэътимод дар амалисозии ислоҳот дар бахши обрасониву обтаъминкунӣ хоҳад буд».
Акс аз superstroika.at.ua