Бонки ҷаҳонӣ масъалаи имкони ҷудо кардани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 200 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро таъмин месозад, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Интизорӣ меравад, ки ин қарз миёни чор кишвар – Афғонистону Тоҷикистон ва Покистону Қирғизистон тақсим карда шавад, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати энергетика ва саноат.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии хароҷоти лоиҳаи CASA-1000 бо шумули харҷи пешбининагардида ва фоизҳо зимни сохтмон 953 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин ҷо ҳамчунин корҳои таъмиру таҳкими шабакаҳои дохилии барои лоиҳа зарурӣ ва хароҷоти пешакии дорои хусусияти экологӣ ва иҷтимоӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.
Ҳамзамон пешбинӣ мегардад, ки ҳар як кишвари иштирокчӣ қисмате аз воситаҳоро барои маблағгузорӣ ба корҳои таъмиру таҳкими иқтидорҳои воқеъ дар қаламрави худ, ки ба лоиҳа дохиланд, ҷудо мекунад.
Тақсими маблағи хароҷоти лоиҳа ба кишварҳо тариқи зайл аст: Афғонистон – 309 млн., Тоҷикистон – 251 млн., Покистон – 197 млн. ва Қирғизистон – 196 млн. доллари ИМА.