«Тоҷиктрансгаз» соли 2012 яке аз корхонаҳои бузурги саноатии вилояти Хатлон – «Тоҷиказот»-ро бо газ таъмин карданӣ нест.
Директори генералии КМ «Тоҷиказот» Тоҳирхон Ғозиев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар посух ба дархости корхона ҷиҳати таъминот бо газ дар соли 2012 дар ҳаҷми 65 млн. метри мукааб аз «Тоҷиктрансгаз» мактуби мактуби расмӣ бобати рад сохтани дархост расидааст.
«Дар мактуб изҳор шудааст, ки вазъи коршоямии лӯлаҳо дар чанде аз қисматҳои воқеъ дар ноҳияи Хуросон қаноатбахш набуда, ҳамчунин дар қисмати лӯлаи гази масофаи 105 километр баргузории корҳои таъмир ба нақша гирифта шудааст. Онҳо ба мо пешниҳод карданд, ки мо низ дар корҳои таъмир ширкат варзем, вале наандешидаанд, ки ин қадар маблағро мо аз куҷо пайдо мекунем, чун барои иваз кардани танҳо як километри лӯлаи газ 1 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст», – мегӯяд Ғозиев.
Ба гуфтаи вай, айни замон «Тоҷиказот» ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъала ба унвони ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорати энергетикаву саноат мактуб фиристодааст.
Ғозиев иброз дошт, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани газ корхона муддати беш аз 2 сол аз фаъолият бозмонда, беш аз 600 нафар коргарони он дар рухсатии бемузд қарор доранд. «Тобистони соли равон пас аз гуфтушуниди тӯлонии мақомоти раҳбарии корхона бо ҳукуматдорон «Тоҷиказот» фаъолияти худро барқарор намуд, вале боз ба иллати нокофӣ будани таъминот бо газ, танҳо муддати 8 рӯз фаъолият карда тавонисту халос», – афзуд номбурда.