spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баррасии масъалаи сохтмони роҳи оҳани минтақавӣ тавассути қаламрави Афғонистон


Дар панҷумин Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон – RECCA, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, баррасии лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳани нави минтақавӣ тавассути қаламрави Афғонистон, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро бо Эрону Покистон мепайвандад, ба нақша гирифта шудааст.

«Интизор меравад, ки дар ҷараёни конфронс аз ҷониби Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори он лоиҳаҳои мушаххаси сохтмони қитъаҳои роҳи оҳан, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро бо Эрону Покистон мепайванданд, пешниҳод хоҳанд шуд, – гуфт имрӯз зимни брифинг сардори Раёсат оид ба кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ. – Мо чунин лоиҳаҳоро аз Эрону Туркманистон, Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа интизорӣ дорем».

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогонаи иштирокчии конфронси Душанбе иштироки худ дар сохтмони роҳи оҳани минтақавиро тасдиқ хоҳанд кард. «Дар ҷараёни конфронси RECCA V ҳамчунин баррасии масъалаи истифодаи оби рӯдхонаи фаромарзии Амударё низ дар назар аст», – зикр кар А. Қодирӣ.

Ба гуфтаи вай, дар конфронси RECCA V-уми Душанбе масоили рушди иқтисодӣ тавассути бунёди инфраструктура (нақлиёт ва энергетика), рушди захираҳои инсонӣ тавассути пешбурди соҳаи маориф, таҳсилоти тахассусӣ ва омӯзиши касбӣ ва рушди соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, транзит ва идораи сарҳадот дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Конфронси RECCA V рӯзҳои 26-27-уми март дар Душанбе баргузор мешавад. Таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон кумитаи тадорукотии конфронс таъсис дода шудааст. Дар конфронс иштироки намояндагони беш аз 70 кишвари дунё ва созмонҳои байнулмилалӣ дар назар аст.

Дар рӯзҳои баргузории конфронс ташкили Симпозиуми илмии байнулмилалӣ дар Душанбе пешбинӣ шудааст. То 10-уми март ташкили ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони кишварҳои иштирокчии конфронс ба нақша гирифта шудааст.

То ҳол чор конфронси RECCA гузаронида шудааст: соли 2005 дар Кобул, 2006 – дар Деҳлӣ, 2009 – дар Исломобод ва 2010 – дар Истанбул. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...