Дар Тошканд оид ба интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2012 миёни «Узтрансгаз» ва «Тоҷиктрансгаз» созишнома ба имзо расид. Созишномаи мазкур зимни сафари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ба тасвиб расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов хабар дод, мутобиқи созишномаи баимзорасида, соли равон Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 200 млн. метри мукааб газ мехарад. Ӯ таъкид кард, ки имрӯз интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ, ки 4-уми январ қатъ гардида буд, дубора барқарор гардид.
Ба гуфтаи ӯ, арзиши газ баъдтар бо ҳамтоҳои ӯзбек мувофиқа карда хоҳад шуд. «Соли равон арзиши газ нисбат ба соли гузашта поинтар хоҳад буд», – мегӯяд Шарофиддинов.
Номбурда иброз дошт, ки соли гузашта аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 180 млн. метри мукааб газ интиқол дода шуд. То ахири моҳи ноябри соли гузашта арзиши он 285 доллари ИМА барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медод. Моҳи ноябр арзиши он то 311 доллари ИМА барои 1 ҳазор метри мукааб боло рафт.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 4-уми январ Ӯзбекистон бидуни огаҳии пешакӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард. Рӯзи дигар барои ҳалли масъалаи мазкур ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба шахри Тошканд рафт.
Дар Тоҷикистон бо гази табиии Ӯзбекистон асосан Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО), «Тоҷиксемент» ва як қатор корхонаҳои дигар таъмин карда мешаванд.