Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) кумаки молиявӣ ба Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби барномаи нав, ки моҳи апрели соли равон оғоз мегардад, идома медиҳад.
Зимни нишасти матбуотӣ намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Ари Айзен изҳор кард, ки доир ба барномаи нав бо ҳукумати ҷумҳурӣ гуфтушунид шуда, ҳукумат ба дастгирии минбъдаи хазина манфиатдор аст.
Ба гуфтаи ӯ, шакл ва моделҳои расонидани кумак ба ҷумҳурӣ моҳи феврали соли равон зимни сафари ҳайати ХБА ба Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. Айзен зикр кард, ки чанде қабл гузориши панҷуми барномаи «Механизми қарзии васеъ» анҷом ёфта, он ба ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА воситаҳои иловагӣ дастрас намояд.
«Ҳамин тариқ, маблағи умумии воситаҳои тавассути ин барнома пешниҳодшуда ҳудуди 141 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.
Барномаи сесолаи «Механизми қарзии васеъ» бо пешниҳоди маблағ дар ҳаҷми ҳудуди 167,1 млн. доллари ИМА аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА моҳи апрели соли 2009 маъқул шуморида шуд. Ба қавли намояндаи хазина, гузориши шашум ва охирини барнома моҳи апрел ба анҷом мерасад. «Меъёри фоизии ин қарзҳо ба сифр баробар буда, қарз ба муддати 10 сол бо давраи имтиёзноки панҷсола пешбинӣ шудааст», – гуфт вай.
«Ин воситаҳо ҷиҳати дастгирии захираҳои байнулмилалии Бонки миллии кишвар ба ҷумҳурӣ пешниҳод мегарданд», – таъкид кард номбурда.
Дар ҳамин ҳол, А.Айзен изҳор кард, ки пешгӯиҳои аввали макроиқтисодии ХБА нисбат ба ҷумҳурӣ дар соли равон каме тағйир хоҳанд ёфт.
«Пешгӯиҳои нави мо моҳи феврал зимни сафари ҳайати ХБА ба ҷумҳурӣ эълон карда мешаванд, – гуфт ӯ. – Нахуст ХБА ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро барои соли 2012 дар сатҳи аз 5 то 6% пешгӯйӣ кард. Соли равон сатҳи таваррум нисбат ба соли гузашта камтар мегардад, яъне на бештар аз 9%. Аммо ҳамааш ба ҷараёни рушди иқтисоди ҷаҳонӣ вобаста хоҳад буд».
Айзен гуфт, соли 2011 барои Тоҷикистон соли мусбат буд. «Ҳаҷми афзоиши иқтисоди ҷумҳурӣ ҳудуди 7,5%-ро ташкил дода, сатҳи таваррум дар меъёри 9,5% қарор дошт. Ин нишондиҳандаҳо таҷассумгари сиёсати нимаи дуюми соли 2011 мебошанд», – иброз дошт номбурда ва хотиррасон намуд, ки моҳи майи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 15%-ро ташкил дод.