spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Панҷ кони тилову нуқраи Тоҷикистон интизори сармоягузоранд


Панҷ кони тилову нуқраи Тоҷикистон ба қабули сармоягузорон ҷиҳати баргузории корҳои иктишофӣ ва истихроҷ омодаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод, ба рӯйхати конҳои ниёзманд ба сармоягузорӣ кони Мосриф, «Чоре», «Икар» ва ҳамчунин конҳои чанде қабл кашфшудаи тилову нуқраи «Чулбуе» ва «Мирханд» шомил мебошанд.

«Ғайр аз ин, оид ба кашфу ифтитоҳи навъи нави тилои генетикӣ корҳои таҳқиқотӣ идома доранд. Мо боварӣ ҳосил кардем, ки захираҳои ин навъи тило мавҷуд аст, вале методикаи кори қаблан дар ин самт доиргардида моро қонеъ накард. Аз ин рӯ, қарор додем, ки аз он даст кашем. Умедворем, ки минбаъд он натиҷаҳои назаррас хоҳад дод», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи нав таҳия гардида, ба шӯрои илмӣ-техникӣ пешниҳод хохад шуд. «Чунин навъи захираҳои тило дар Панҷакент, Ҳисор, Қаратоғ, Лучоб, Варзоб, Дарвоз мавҷуд буда, онҳо ба харитаи геологӣ ворид карда шудаанд ва ба геологҳо дозим аст, ки мавҷуд будан  тилои саноатӣ дар ин мавзеъҳоро исбот намоянд.

Дар Тоҷикистон ҳашт корхонаи истихроҷи тило фаъолият мекунад, ки бузургтарини он КМ «Зарафшон» (шимоли ҷумҳурӣ)-и Тоҷикистону Чин, КМ «Апрелевка» (шимоли кишвар) ва Корхонаи давлатии истихроҷи тило «Тилои тоҷик» (ҷануби ҷумҳурӣ) мебошад. Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди ду тонна тило истихроҷ мегардад. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...