spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Андозсупорандагони беҳтарини сол муайян карда шуданд


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд ва рӯҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо соли сеюм аст, ки озмуни андозсупорандаи беҳтарини солро  гузаронида, беҳтарин андозсупорандаи солро интихоб ва ба мардуми кишвар муаррифӣ менамояд.

Тавре аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бо ин мақсад дар Кумитаи андоз аз ҳайати роҳбарикунандаи он Комиссияи босалоҳият тасдиқ карда шудааст. Барои боадолатона ва воқеъбинона интихоб намудани беҳтарин андозсупорандаи сол 9 меъёр муқаррар шуда, бо фармони дахлдор тасдиқ гардидааст.

Мақомоти ҳудудии андоз номгӯи довталабонро ба Комиссия пешниҳод карданд ва Комиссия аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда аз миёни довталабон беҳтаринҳоро  интихоб намуданд.

Дар маҷмӯъ меъёрҳо аз чунин нишондиҳандаҳо иборатанд, ҳиссаи андозҳои пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳо ва сифати пур кардани онҳо, дуруст ҳисоб кардан ва сари вақт пардохт намудани андозҳо, нисбат ба соли пешин зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳо, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва ғайраҳо.

Ба ҳамин тариқ Комиссияи Кумитаи андоз пешниҳоди мақомоти ҳудудии андозро ҳаматарафа омӯхта, дар соли 2011 андозсупорандагони зеринро ба унвони андозсупорандаи беҳтарин дар соли 2011  сазовор донистанд:

Соҳибкори инфиродӣ Махсумова Гулчеҳра Давлатовна  аз ноҳияи  Рӯдакӣ

Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Агентии алоқаи  ҳавоӣ» аз ноҳияи Шоҳмансур

Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Фононбонк» аз   ноҳияи Шоҳмансур

Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон»  аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Корхонаи Муштараки Масъулияташ Маҳдуди «Апрелёвка»  аз шаҳри Қайроққум.

Ҳамзамон аз рӯи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2011 Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб ва Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун нозиротҳои андози беҳтарин ҳисобида шуданд.

Ҳадаф аз ташкили чунин озмунҳо қадршиносӣ доштан ба фаъолияти самараноки  андозсупорандагон ва кормандони мақомоти андоз буда, барои  ба вуҷуд овардани рақобати солим ва  ҳавасмандгардонии онҳо  нақши назаррас хоҳад гузошт.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...