Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба рушди фаъолияти макотиби таҳсилоти умумӣ Бонки исломии рушд ниятдорад, ки ба Тоҷикистон 17,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии бонки мазкур хабар дода мешавад.
Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои мудирони иҷрокунандаи бонк як қатор лоиҳаҳо оид ба рушди кишварҳои узв ва ҷамъиятҳои мусулмонии кишварҳои узв ба маблағи умумии 321,8 млн. доллари ИМА маъқул шуморида шудааст. Лоиҳа оид ба Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.
Бино ба маълумоти манбаъ, 140 млн. $ аз ин маблағи умумӣ барои рушди бахши энергетикаи Покистон, 30,7 млн. $ – барои рушди бахши тандурустӣ дар Уганда ва 32,3 млн. $ барои рушди бахши кишоварзӣ дар Миср пешбинӣ шудаанд.
Зикр мегардад, ки ҳамчунин лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷамъиятҳои мусулмонӣ дар Чин, Эфиопия, Ҳиндустон, Венесуэла, Филиппин ва Кипри Шимолӣ низ мавриди писанд қарор гирифтаанд.