Соли равон Бонки миллии Тоҷикистон меъёри таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ доштанист, – хабар дод муовини раиси БМТ Малоҳат Холиқзода.
Ӯ хотирррасон намуд, ки соли 2011 меъёри таваррум 9,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Ба гуфтаи Холиқзода, нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ 10,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 7,2 фоиз ва хизматрасониҳо 9,2 фоиз ба вуқӯъ пайваст.
«Ин раванд пеш аз ҳама дар натиҷаи баланд шудани нархи маҳсулоти воридотӣ, аз қабили маводи сӯзишворӣ, гандум, орд, равғани растанӣ ва инчунин арзиши маҳсулоти хусусияти мавсимӣ дошта, ба амал омад. Ва ин ҳама дар навбати худ боиси афзудани хароҷоти истеҳсолӣ гардида, сабабгори бевосита боло рафтани нархи молу маҳсулоти алоҳида, мисли гӯшт ва хизматрасонии нақлиёти мусофирбар гардид», – гуфт вай.
Бо такя ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, М.Холиқзода зикр кард, ки соли 2011 дар бозори ҷаҳонӣ нархи миёнаи гандум нисбат ба соли қаблӣ 40,7%, равғани растанӣ 40,2% ва нафт то 39,3% боло рафтааст).
«Таҳлилҳои дақиқи мутахасссисони Бонки миллии Тоҷикистон нишон доданд, ки дар соли 2011 сатҳи таварруми аслӣ (бе дарназардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 4,4 фоизро ташкил дод», – афзуд номбурда.