spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Омодагиҳо ба таҳияи асноди техникии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот


Таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот, ки минбаъд Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистону Эронро ба ҳам мепайвандад,  бояд моҳи майи соли равон ба анҷом расад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов.

Ба гуфтаи вай, айни замон мутахассисони ширкати «Метро» (Эрон) ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодӣ машғул буда, ҳамроҳ бо мутахассисони тоҷик қитъаҳои роҳи оҳани пешбинишударо таҳқиқ менамоянд. «Тамоми асноди зарурӣ бояд моҳи май пешниҳод гардида, сипас муайян карда хоҳад шуд, ки хароҷоти маблағи пулӣ дар ин қитъаи роҳ ба чӣ миқдор баробар аст», – гуфт ӯ.

Собкалов гуфт, корҳои таҳияи асноди тарҳи фанниву иқтисодии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳиротро Эрон маблағгузорӣ менамояд. Ёдрас мекунем, ки Эрон барои иҷрои ин корҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт расонид.

Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.

Масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад.

Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...