Субҳи имрӯз бинобар сабаби фазои пойтахтро фаро гирифтани тумани ғализ, фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Санкт-Петербургу Маскавро қабул карда натавонист. Ин ҳавопаймоҳо барои фуруд омадан ба майдони ҳавоии шаҳри Хуҷанд фиристода шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матуботи ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, ғайр аз ин, айни замон ба иллати тумани ғализ ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Истамбул ва Душанбе-Маскав низ мавқуф гузошта шудааст. «Бо пароканда шудани туман мо бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият хоҳем пардохт», – гуфтанд дархадамоти матбуоти фурудгоҳ.