Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба ахири моҳи ноябри соли гузашта 442 сомонӣ (каме бештар аз 93 $)-ро ташкил дод.
Бино ба маълумои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ ба 80 сомонӣ (16,8 $) баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳақмузди миёна дар пойтахт 894, ноҳияҳои тобеи марказ – 422, ВМКБ – 340, вилояти Суғд – 325 ва вилояти Хатлон – 287 сомониро ташкил додааст.
Музди меҳнати пасттарин дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал – 145 сомонӣ ва моҳипарварӣ – 303 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Музди меҳнати баландтарин дар бахши воқеиро бинокорон ва кӯҳкорон гирифтаанд, ки он мутаносибан ба 1 ҳазору 123 сомонӣ ва 1 ҳазору 94 сомонӣ баробар аст.
Музди меҳнати миёна дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар маҷмӯъ 395 сомониро ташкил додааст.
Дар бахши хизматгузорӣ музди меҳнати баландтарин дар бахши миёнаравии молиявӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он муодили 1,8 ҳазор сомонӣ аст. Дар ин бахш ба ҳисоби миёна музди меҳнат 576 сомониро ташкил додааст.