spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Интернет-провайдерони Тоҷикистон андози аксизиро пардохт карданӣ нестанд


Оператори миллии телекоммуникатсионии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» андози аксизӣ ба хизматгузориҳои интернетро пардохт намекунад.

Муовини раиси Шӯрои мудирони ҶСК «Тоҷиктелеком» Боймурод Мирзоёров дар робита ба ин масъала зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ширкат андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% барои хизматгузориҳои интернетро пардохт накардааст ва минбаъд низ пардохт намекунад.

«Маъмулан ба маҳсулот ва хизматгузориҳое, ки ба саломатии инсон зарар мерасонанд, андози аксизӣ таъин мегардад, – гуфт Б.Мирзоёров. – «Тоҷиктелеком» ба истифодабарандагон на интернети мобилӣ, балки интернети ноқилӣ (тавассути сим) пешниҳод мекунад, ки ба саломатии инсон заровар нест».

Ӯ зикр кард, ки дар робита ба масъалаи андози аксизӣ ба хизматгузориҳои интернет миёни ширкатҳо ва мақомоти андоз муддати зиёде баҳсҳо сурат гирифтанд.

«Танҳо гуфта метавонам, ки мо аксизро бар асоси қонунӣ пардохт намекунем, – мегӯяд ӯ. – Дар Кодекси андоз гуфта мешавад, ба алоқаи мобилӣ андози аксизӣ баста мешавад. Мо интернети ноқилӣ пешниҳод мекунем, ки ба ҳеҷ гунае ба алоқаи мобилӣ мансуб нест».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2011 ба хизматгузориҳои интернет-провайдерон дар Тоҷикистон андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% ҷорӣ гардид, ки он ҳам хеле баътар аз аввали сол маълум шуд.

Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Парвина Ибодова андешаҳо дар бораи «хуб» будани интернети ноқиливу ба алоқаи мобилӣ мансуб набудани он ва зараровар будани интернети бидуни ноқилро нодуруст мешуморад.

Ибодова дар робита ба ин зикр кард, ки ҳамаи навъҳои хизматгузориҳои интернет якхела буда, ба ҳеҷ гунае ба алоқаи мобилӣ мансуб нестанд. «Дар қонунгузории мо ин ду навъи хизматгузорӣ мушаххасан ҷудо карда шудаанд. Барои машғул шудан ба пешниҳоди хизматгузориҳои интернет, шумо бояд иҷозатномаи ҷудогона бигиред. Ин худ гувоҳи он аст, ки онҳо ду навъи хизматгузориҳои гуногун мебошанд», – афзуд Ибодова.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...