Дар маркази вилояти Суғд байни минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва минтақаи озоди «Лайлак»-и Ҷумҳурии Қирғизистон Меморандум оид ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, мақсади ба имзорасии ин созишнома ташкили ҳамкории байниҳамдигарии иттилоотӣ, дастгирии инвестерҳо баҳри татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои иноватсионии дар ҳудуди минтақаи озодӣ иқтисодӣ ба шумор меравад.
Ин санад муддати се сол амали гардида, ҳамкории дуҷониба дар ташкил намудани намоишҳо, конфронсу симпозиумҳо ва дастгирӣ барои дарёфти ҳамкориҳо, ташкили бозорҳои нав ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин Меморандум ба ҷалби инвестерони хориҷӣ мусоидат намуда, барои рушди марказҳои савдо, бозор, мағозаҳо ва соҳибкорон таъсири хуб мебахшад.
Ба ин санад зиёда аз 15 ташкилотҳои иқтисодии кишварҳои гуногун имзо монданд.