Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 19 млн. метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли гузашта ҳаҷми истихроҷи газ дар ҷумҳурӣ каме зиёдтар аз 18, 8 млн. метри мукаабро ташкил додааст, ки аз ҳаҷми қаблан пешбинишуда 5,6 млн. метри мукааб ё худ 10,4% камтар аст.
Маблағи умумии гази истихроҷшуда дар соли гузашта ба беш аз 6,7 млн. сомонӣ баробар аст, ки дар муқоиса бо соли 2010 ба миқдори 5,8% камтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми истихроҷи нафт дар кишвар то ба 28,7 ҳазор тонна расонида шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 1,5 ҳазор тонна ва аз ҳаҷми пешбинишуда 163 тонна бештар мебошад.
Маблағи умумии нафти истихроҷшуда дар ҷумҳурӣ 27,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз маблағи пешбинишуда 3,7 млн. сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳаҷми соли 2010 ба андозаи 25,2% зиёдтар аст.
Зикр гардид, ки фонди истифодабарӣ дар соли 2011 дар кишвар 156 чоҳро ташкил додааст, ки аз он 145 чоҳҳои истихроҷи нафт ва 11 чоҳҳои газӣ мебошанд.