Мақомоти раҳбарии идораи роҳи оҳани Ӯзбекистон ҳамтоҳои тоҷики худро дар иҷро накардани талаботи Созишнома дар бораи ҳамлу нақли байнулмилалии бор тавассути роҳи оҳан ва рад кардани қабули вагонҳо тариқи қитъаи роҳи Душанбе гунаҳкор медонад.
Дар иттилоияи интишоршудаи сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, бинобар сабаби фурсати зиёдро талаб кардани корҳои таъмир дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи «Ғалаба-Амузанг», ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» аз замони қатъи ҳаракати қатораҳо бо ин роҳ борҳо ба унвони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки ба интиқоли вагонҳои бори вилояти Хатлон тариқи қитъаи роҳи Душанбе омода аст. Бо ин мақсад ин вагонҳо дар истгоҳи «Қудуқлӣ», ки аз он ҷо вагонҳо ба самти роҳи Душанбе интиқол дода мешаванд, ҷамъ оварда шудаанд.
Дар иттилоияи мазкур ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷониби Тоҷикистон ҳалли масъалаи мазкурро ба таъхир гузошта, бо мақсади коста кардани обрӯву нуфузи ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» мунтазам бобати боздошти вагонҳо ба мақомоти раҳбарии роҳи оҳани кишварҳои ИДМ ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан шикоят мебарад.
«Дар ҳамкорӣ ва бо дархости соҳибони бору маҳсулот 97 вагони самти вилояти Хатлон ба қитъаи роҳи оҳани Душанбе интиқол дода шуданд, ки 22 вагони он кӯмакҳои башардӯстонаи Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ мебошанд, вале ҷониби Тоҷикистон қабули боз 11 вагони дорои маҳсулоти нафтӣ, 10 вагон бо маводи ғизойӣ ва 1 вагони дорои чӯбу тахтаро рад мекунанд», – омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, нисбат ба масъалаи интиқоли 265 вагони боқимонда тариқи роҳи Душанбе бо соҳибони бор ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гуфтушунид идома дорад.
Ҳамчунин зикр мегардад, айни замон бинобар сабаби номусоидии обуҳаво дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи «Ғалаба-Амузанг», роҳандозии корҳои таъмиру барқарорсозӣ ғайриимкон аст.
Қобили зикр аст, ки қаблан мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳор карда буд, ки ба қабули вагонҳои барои вилояти Хатлон таъиншуда дар Душанбе ва равона сохтани бори он ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ имкон надорад, зеро он хароҷоти хеле зиёд ба нақлиёти автомобилиро тақозо менамояд.