Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан мулоқот кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар иқтисод ва тиҷорат, энергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маҳсулоти саноати нассоҷӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, инфрасохтор, туризм, ташкили бизнес-форумҳо ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи илму техника мавриди баррасӣ қарор гиританд.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок баён доштанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 8 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам дар соҳаҳои коркарди пилла ва истеҳсоли нахи абрешим амал мекунанд.