Узви раёсат, сардори департамент оид ба истихроҷи газ, конденсати газӣ ва нафти ҶСК «Газпром» Всеволод Черепанов ва мудири идоракунандаи Gazprom International Валерий Гулев рӯзҳои 6-7-уми феврал бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни сафар намояндагони «Газпром» аз иншооти асосии истеҳсолии ширкат дар Тоҷикистон – майдони пармагарии «Шаҳринав-1п»дар қитъаи Сариқамиш боздид мекунанд. Ҳамчунин Черепанов ва Гулев як қатор гуфтушунид анҷом дода, машварати истеҳсолӣ доир месозанд, ки дар он ҷараёни амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Русия оид ба азхудкунии майдонҳои нафтугаздори ҷумҳурӣ ва масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ дар дафтари кории марказии ҶСК «Газпром» мулоқоти кории раиси раёсати ҶСК «Газпром» Алексей Миллер ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул доир гардид. Дар вохӯрӣ Раиси ҶСК «Газпром» Миллер изҳори итминон намуд, ки мулоқоти мазкур барои амалӣ гардидани масъалаҳои дар рафти вохӯрӣ дар моҳи декабри соли 2010 бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида мусоидат хоҳад кард.