Ҳайати хадамоти парвози ширкати ҳавопаймоии давлатии «Тоҷик Эйр» ба мақомоти раҳбарии ширкат нобоварӣ изҳор намуд.
Дар нусхаи протоколи маҷлиси ҳайати парвози ҶСК «Тоҷик Эйр» аз 4-уми феврали соли равон, ки ба ОИ «Азия-Плюс» дастрас гардид, гуфта мешавад, пас аз кӯшиши чандинкаратаи бенатиҷа ҷиҳати вохӯрӣ бо директори генералии ширкат Музаффар Исҳоқов, тасмим гирифта шудааст, ки маҷлис бидуни ҳузурӣ ӯ гузаронида шавад. Протоколи маҷлиси мазкур аз ҷониби 51 нафар аъзои ҳайати парвози ширкат ба имзо расидааст.
Дар санад зикр мегардад, ки директори генералӣ бо таҳдиди истифодаи чораҳои молиявӣ ё сабукдӯш кардан аз кор ҳайати парвозро бо ҳар баҳона дар хароҷоти зиёди маводи сӯзишворӣ гунаҳкор мекунад.
Гуфта мешавад, «ба хотири манфиатҳои иқтисодӣ (ба даст овардани даромади зиёдатӣ аз ҳисоби фиреби мусофирон ва маҷбур кардани ҳайати парвоз ба кори дандоншикан) акнун хатсайрҳои мунтазами ширкати «Тоҷик Эйр» бо дастрасии иловагии маводи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Туркманобод, Тароз, Чимкент, Бишкек ва Ашқобод ба иҷро расонида мешаванд.
«Бо харидани билет мусофирон мутмаинанд, ки ҳавопаймо бидуни фурудойӣ ва дастрасии иловагии сӯзишворӣ то макони таъиншуда парвоз хоҳад кард, вале маълумот ба онҳо дар ин бора танҳо пас аз баста шудани дарҳои ҳавопаймо ва барасмиятдарории ҳамаи ҳуҷҷатҳо дода мешавад, – омадааст дар санад. – Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки онҳо гаравгонони «Тоҷик Эйр» ва вазъи тарҳрезишуда аз ҷониби иқтисодчӣ Исҳоқов мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аксаран мусофирон ба ҳавопаймои дигари дар маҳалли пайваст мавҷудбуда дер мемонанд ва бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати раводид, ба гаравгонони ин фурудгоҳ табдил меёбанд».
Дар протоколи маҷлис таъкид мегардад, ки «рӯз то рӯз имиҷи ширкат рӯ ба костагӣ оварда, ба ҳайати парвоз зарур меояд, ки иловатан бо ҳолатҳои эҳсосотии мусофирон мувоҷеҳ бошад».
«Халабонони ширкатро маҷбур месозанд, ки дар ҳавопаймоҳои носоз ва вазни зиёдатӣ аз меъёр (афзоиши меъёри фурӯш дар фурудгоҳҳои ҷудогона) парвоз намоянд. Директори генералӣ нисбат ба халабононе, ки парвоз дар ҳавопаймоҳои корношояму носоз ва вазнашон аз меъёр зиёдро рад месозанд, ҳар гуна чораҳо, аз ҷумла то аз кор озод карданро меандешад», – зикр мегардад дар санад.
Дар ҳамин ҳол, дар хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзида, таъкид карданд, ки «протокол расман ба қайд гирифта нашудааст ва дар бораи он чизе маълум нест».