Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо директор оид ба менеҷменти ширкати сармоягузории FIF Technologies LLP- и Ҷумҳурии Сингапур ҷаноби Гари Чан мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат У.Давлатзод иброз доштааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё карда шудааст ва ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як қатор имтиёзҳо пешбинӣ намудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар рафти мулоқот атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, низоми бонкӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, илму маориф, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар кишвар ва содироти он ба хориҷ ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Дар раванди мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар низ мубодилаи афкор намуданд.