Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ маросими муаррифии лоиҳаи нерӯгоҳи обӣ-барқии Шӯроб дар рӯдхонаи Вахш баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур кормандони вазорату идораҳои марбута ва намояндагони КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» (ТАЛКО) иштирок карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳаи нерӯгоҳи мазкур аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» таҳия ва муаррифӣ шуд.
Тибқи лоиҳа, нерӯгоҳи Шӯроб дар 100 километрии шарқи шаҳри Душанбе сохта мешавад. Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз солҳои 70-уми қарни гузашта пешбинӣ гардида буд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, иқтидори нерӯгоҳи Шӯроб 862,5 МВт ва ҳаҷми солонаи истеҳсоли нерӯи барқ дар он 3,2 млрд. кВ/соатро ташкил хоҳад дод.
Баландии сарбанди нерӯгоҳ 83 метр ва ҳаҷми обанбор 77 млн. метри мукааб пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, бунёди он бо ҷалби сармогузории хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.
Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чину Эрон аллакай нияти иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи Шӯробро изҳор кардаанд.