spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Симферопол-Киев


Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Раиси Хадамоти давлатии ҳавопаймоии Украина Анатолий Колесник мулоқот кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон тазаккур дод, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Украина (декабри 2011) масъалаи барқарорсозии робитаи ҳавоии миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Ӯ иттилоъ дод, ки бо мақсади амалисозии ин вазифа ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нақша дорад аз 25 марти 2012 парвозҳои мунтазамро бо хатсайри Душанбе-Симферопол-Киев-Душанбе шурӯъ кунад.

Ба ин муносибат, дипломати тоҷик ба ҷониби Украина бо хоҳиши мусоидат дар ҳалли як зумра масъалаҳое, ки аз онҳо ифтитоҳи парвозҳои ҳавопаймоии доимӣ байни Тоҷикистон ва Украина вобастагӣ дорад, муроҷиат намуд.

А. Колесник ҳавасмандии Украинаро дар барқарорсозии робитаи ҳавоии миёни ду давлат иброз дошта, итминон дод, ки барои татбиқи ин вазифа дастуру супоришҳои лозима дода мешаванд.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилои ифтитоҳи хатсайри мазкурро тасдиқ намуда, изҳор карданд, ки қаблан боз кардани хатсайри ҳавоии Душанбе-Киев-Душанбе ба нақша гирифта шуда буд, ки парвозҳо тавассути он мебоист 23-уми феврал оғоз шаванд, вале баъдтар он ба Душанбе-Симферопол-Киев иваз шуд. «Парвозҳо бо хатсайри ҳавоии мазкур аз 29-уми марти соли равон соати 12.00 бо вақти маҳаллӣ дар рӯзи панҷшанбе анҷом дода мешаванд», – гуфтанд дар ширкат.

Ҳамчунин мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Президенти Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Украина, собиқ Сарвазири Украина Анатолий Кинах баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили муносиботи дуҷониба дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла роҳҳои рушди ҳамкории соҳавӣ, ба роҳ мондани робитаҳо миёни саноатчиёни корхонаҳои Тоҷикистон ва Украина муҳокима шуданд.

Ш. Султонов аҳамияти махсуси татбиқи тавофуқномаҳоеро, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина (декабри соли 2011) ба даст омаданд, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, фаъолгардонии ҳамкории соҳибкорон ва тоҷирони ҳарду кишварро таъкид сохт.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...