Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо Роҳбари Палатаи саноатии Анкара Нуриддин Уздебир баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои хурду миёна ва ҷалби тоҷирон ва сармоягузорони аъзои Палата ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Дар рафти сӯҳбат Н. Уздебир ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноатӣ омодагии Палатаро иброз дошт.
Қобили зикр аст, ки Палатаи саноатии Анкара соли 1963 таъсис ёфтааст ва дар он 5000 ширкат аъзо буда, зиёда аз 400 000 нафар фаъолият менамояд. Сармояи Палатаи мазкур тақрибан 30 миллиард долларро дар бар мегирад. Дар Палатаи мазкур ширкатҳои сохтмонӣ, коркарди маъдан, истеҳсоли таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ аъзо мебошанд.