spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба Тоҷикистон ду вагонкаши истеҳсоли Қазоқистон оварда мешаванд


Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз шаш вагонкаш (локомотив)-и фармоишӣ воридшавии ду вагонкаши истеҳсоли Қазоқистонро интизорӣ доранд.

Хадамоти матбуоти Роҳи оҳани Қазоқистон хабар медиҳад, ки ду вагонкаши аввал пас аз имзои санади қабули пешакӣ санаи 17-уми феврал ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Аммо мовини раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Владимир Собкалов мегӯяд, вагонкашҳо ҳоло фиристода нашудаанд ва бо ҳалли баъзе мушкилот, онҳо имрӯз ба Тоҷикистон равона хоҳанд гардид.

Ба гуфтаи Собкалов, моҳи ноябри соли гузашта идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи барои Тоҷикистон тайёр кардани шаш вагонкаш бо тарзи истеҳсоли консерни амрикоии «GeneralElectric» дар Остона қарордод ба имзо расониданд. «Вагонкашҳо дар се марҳила – дуто дар моҳи феврал ва чорто дар моҳи март ба Тоҷикистон расонида шуда, ба ихтиёри истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-1, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд вогузор мегарданд», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти идораи «Роҳи оҳани Қазоқистон аллакай чор вагон аз ин фармоиш омода гардида, бадана (корпус)-и вагонкашҳо бо рангҳои парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шудаанд.

«Пас аз ба Тоҷикистон расонидани вагонкашҳо санади ниҳоии қабулу супоридан ба имзо расида, онҳо пурра ба моликияти Тоҷикистон супурда мешаванд», – омадааст дар маълумот.

Дар бораи ҳаҷми маблағи қарордод маълумоте мавҷуд нест. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...