Чанде қабл вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фабианӣ мулоқот орост.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, омӯзиши таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ, рушди туризм, истеҳсоли атриёт ва ҷалби сармоя ба ин соҳаҳо аз масъалаҳои калидӣ ва баррасишаванда дар мулоқоти Шариф Раҳимзода бо Анри Зиппер де Фабианӣ маҳсуб гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Фаронса каме бештар аз 2,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 45% камтар аст. Соли 2011 аз Тоҷикистон ба Фаронса дар ҳаҷми 16 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст.