Эрон ба бунёди шаҳраки махсуси саноатӣ дар Тоҷикистон омода аст. Дар ин хусус зимни конфронси серӯза таҳти унвони «Ҳамоиши шароити сармоягузории эрониён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзи 22-юми феврал дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, ибрози андеша карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни конфронс зикр гардид, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми мсуомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон то 50% афзуд.
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳамидуллохон Фақеров изҳор кард, ки соли гузашта ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни ду кишвар 215 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, Эрон аз рӯйи ҳаҷми додугирифти молӣ бо Тоҷикистон пас Русияву Чин мақоми севумро ишғол менамояд.
«Ҳамасола афзоиши ҳаҷми сармоягузории Эрон ба бахшҳои барои Тоҷикистон афзалиятнок, аз қабили саноату энергетика, тиҷорату соҳибкорӣ ва фарҳангу маориф ба мушоҳида мерасад», – гуфт Фақеров.
Гуфта мешавад, дар конфронс ҳамҷунин масъалаи бунёди шаҳракҳои махсуси саноратӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Эрон баррасӣ шуд, ки Эрон омодагии худро ба он изҳор кард. Таҷрибаи бунёди чунин шаҳракҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Эрон низ амалӣ шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди нахустин шаҳраки саноатӣ дар кишвар 100 гектар замин ҷудо карда, сохтмони он пас аз дақиқан баррасӣ шудани ҳуҷҷатҳо оғоз мегардад. Бунёди шаҳрак дар муддати се сол ба нақша гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки ҳамчунин дар ҳошияи чорабинӣ вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони Эрон дар назар аст. Ҳамоиши мазкур то 24 феврали соли равон идома хоҳад кард.