spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

«Газпром» ба таъмини нафт ба Қирғизистон монополия мегирад


Кумитаи дахлдори парлумони Қирғизистон лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ, ки ба ширкати «Газпром нефт Азия» (корхонаи фаръии Газпром нефть) барои интиқол ва тақсими маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилии Қирғизистон ҳуқуқ медиҳад, маъқул шуморид.

Расонаҳои хабарии Қирғизистон бо истинод ба вазири энергетикаи кишвар Аскарбек Шодиев хабар медиҳанд, ки ширкати «Газпром» тавассути корхонаҳои фаръии худ маҳсулоти нафтиро ба Қирғизистон интиқол медиҳад.

Ширкати русиягӣ мустақилона ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Қирғизистонро назорат карданист, зеро гумон дорад, ки маҳсулоти ба Қирғизистон воридшуда баъдан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Дар созишнома пешбинӣ шудааст, ки ҳеҷ ягон ширкат ҳуқуқ нахоҳад дошт, ки бидуни иҷозати «Газпром» ба Қирғизистон маҳсулоти нафтӣ интиқол диҳад.

Вакили фраксияи «Ар-Намис» дар парлумони Қирғизистон Нурлан Торобеков изҳор кардааст, ки созишномаи мазкур ба Русия имкон медиҳад, ки ба корҳои дохилии Қирғизистон дахолат намояд.

Дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон сардори департаменти таҳлил, конъюнтура ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ Бахтиёр Назирматов гуфт, пас аз тасдиқи тавозуни мушаххаси маводи сӯзишворӣ, Тоҷикистон бобати интиқоли маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи гумрукӣ гуфтушунидро оғоз менамояд, вале ин гуфтушунид дар сатҳи болоӣ бояд сурат гирад.

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки Тоҷикистон аз Русия каме камтар аз 1 млн. тонна маводи сӯзишворӣ дархост кард, вале Русия ба интиқоли 500 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ омода аст, ки аз нисф камашро бензин ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дар гуфтушуниди сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон ҳал мешавад. «Сарони кишварҳо метавонанд дар ин хусус ба мувофиқа расанд, ҳарчанд масъалаи таъмин бо маводи сӯзишворӣ метавонад дар маҷмӯи масъалаҳои дигари рӯзмарраи Тоҷикистону Русия ҳал шавад», – афзуд номбурда.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...