Директор оид ба стратегия ва амалиёти Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Кумар Ҷо, ки чанде қабл ба вазифаи Директори минтақавии БҶ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъин шуд, сафари худ ба минтақаи Осиёи Марказиро анҷом доданд.
Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар давоми сафари худ намояндагони бонк аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон боздид карданд.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз сафар баргузор намудани як қатор мулоқот бо мақомоти дахлдори ҳукумат ва шарикон оид ба амалисозии лоиҳаҳо ва созмонҳои мададрасон буд.
Зимни боздид аз Тоҷикистон намояндагони бонк масъалаи самтҳои афзалиятноки ҳукумат нисбат ба лоиҳаҳои пешакӣ оид ба тақсими маблағи 100 млн. доллари ИМА, ки тайи ду соли наздик ба Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, баррасӣ намуданд. Ин маблағ қисмате аз дастгирии машваратӣ оид ба Ҳисоботи пешакӣ дар бораи татбиқи Стратегии шарикӣ мебошад.