Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Барномаи мустаҳкам намудани таркиби идоракунӣ ва вазифаҳои назорати тадбиқи он” семинар баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
Cеминари мазкурро раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар асоси Нақшаи кории Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва Котиботи назди Кумита як қатор чорабиниҳо ва семинарҳо оид ба баланд бардоштани мақоми Парламент дар ҷараёни буҷетӣ пешбинӣ шудааст.
Сафаралӣ Раҷабов тақвияти ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, кумита оид ба иқтисод ва молияи ин мақоми олии қонунгузор бо вазорату идораҳои дахлдор ва созмонҳои гуногуни молиявии ҷаҳониро омили асосии беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар заминаи таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонуну санадҳои марбут ба буҷет арзёбӣ кард.
Сипас, Роҳбари “Барномаи мустаҳкам намудани таркиби идоракунӣ ва вазифаҳои назорати тадбиқи он”, мутахассиси Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба идоракунӣ- хонум Яна Кунисова дар назди ҳозирин роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда маълумоти муфассал дод.
Аз ҷумла, зикр намуд, ки барномаи мазкур аз рӯи 17 лоиҳа дар тамоми ҷаҳон фаъолият ме намояд. Баргузории чунин семинарҳо имкон фароҳам меорад, ки идоракунии молиявии давлатӣ ва дарёфти сарчашмаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ ташкил дода шуда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва воридшавӣ ба иқтисоди ҷаҳони муосир омӯзиш ва мутобиқсозии қонунҳои соҳаи иқтисодиёт таҳким ёбад.
Дар семинар масъалаҳои буҷетикунонии молияи давлатӣ ва идоракунии рукнҳои давлатӣ вобаста ба соҳаи иқтисод ва молия мавриди баҳс ва муҳокимарониҳо қарор гирифтанд. Ширкаткунандагони семинари имрӯза вобаста ба таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013” ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ як қатор тавсия ва пешниҳодҳои ҷолиб ироа доштанд.
Масъалаи дигаре, ки идоракунии рукнҳои молияи давлатӣ ба он вобастагии қавӣ дорад, таҳияи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва иштирокдорони семинари мазкур роҷеъ ба ин масъала низ андешаҳои худро баён доштанд. Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кумита оид ба иқтисод ва молия, бо мақсади идоракунии рукнҳои молияи давлатӣ таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро дар соҳаи иқтисодиёт мавриди истифода қарор додааст. Бо ин мақсад дар мамлакати мо фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди бемайлони соҳаи иқтисодиёти кишвар фароҳам оварда шудааст, ки чунин фазо метавонад ривоҷу равнақи тамоми соҳаҳоро дар ҷумҳуриамон таъмин намояд.
Дар семинар таъкид шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мутобиқи дурнамои миёнамӯҳлат дар се соли охир 5 – 6 фоиз муқаррар гардида буд, аз ин рӯ маҳз барои таъмини ин нишондод баргузор кардани семинарҳои машваратӣ оид ба идоракунии рукнҳои молияи давлатӣ яке аз шартҳои муҳим ба шумор меравад.
Дар хотимаи ин семинар вакилон Исмоил Талбаков, Сафаралӣ Гулов, Домуллоҷон Ҷабборов, Бибидавлат Авзалшоева, Нодира Турдиматова, Амирбек Маҳмадалиев, Амирхон Сафаров, Бег Қурбонов ва дигар ширкаткунандагони он низ вобаста ба мавзӯи мазкур фикру андешаҳои худро баён намуда, баргузории чунин семинарҳои омӯзиширо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми Парламент дар ҷараёни идоракунии рукнҳои молияи давлатӣ ва таҳияи буҷети давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.