Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) соли равон ҳосили рекордии гандумро пешгӯӣ мекунад.
Дар гузориши семоҳаи FAO «Пешгӯйиҳои ҳосил ва вазъи ғизо» гуфта мешавад, ки соли равон дар саросари ҷаҳон аз ҷамъоварии 690 млн. тонна зироати ғалладона интизорӣ меравад, ки ин миқдор ба андозаи 1,4% нисбат ба нишондиҳандаҳои рекордии соли 2011 камтар буда, вале дар муқоиса бо нишондиҳандаи миёнаи ҳосил тайи панҷ соли ахир хеле зиёд аст.
Дар гузориш зикр мегардад, ки устувории нархҳои байнулмилалӣ ба гандум тайи ҳафтаҳои ахир бинобар сабаби пешниҳоди на он қадр зиёд ва нигарониҳо аз оқибатҳои обуҳавои номусоид барои ҳосил дар Аврупо ва кишварҳои узви ИДМ ба вуҷуд омадааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд. Соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд кардани заминҳои кишт ҳаҷми истеҳсоли онро афзуданианд.
Дар ҳамин ҳол, соли 2011 ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 116 млн. доллари ИМА зиёда аз 436,1 ҳазор тонна гандум ворид шудааст. Ғайр аз ин, соли гузашта ба Тоҷикистон ҳамчунин ба маблағи 130,7 млн. $ орд низ ворид гардидааст.
Гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90%) ворид карда мешаванд. Ҳаҷми боқимонда аз Русия оварда мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, айни замон талаботи Тоҷикистон ба гандуму орд қариб 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад.