Шабонарўзи гузашта бориши беист ва пуршиддати барф боиси фаромадани зиёда аз 15 тармаи хурду бузург дар қитъаи аз 45 то 73-ум километри роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ гардид. Баландии аксари тармаҳо то 5-7 метр ва дарозиашон то 100 метр мерасад.
Тавре аз филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи зербинои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ машғул аст, хабар доданд, техникаи филиал, ки дирўз дар тоза кардани роҳ аз барфу тарма ҷалб гардида буд, роҳро барои гузариши корвони мошинҳо аз самти Хуҷанд ба Душанбе кушод. Вале тармафароии такрорӣ, бориши шадид, намоии бад ва хавфи ҳар лаҳза фаромадани тарма коргарони роҳро водор намуд, ки соати 22-00 корро қатъ кунанд.
Ба иттилои манбаъ, субҳи имрўз шурўъ аз соати 5-00 7 адад техникаи минтақаи Варзоби филиали ШС «IRS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз боркунакҳои фронталӣ, автогрейдерҳо, худпартоҳо ва мошинҳои гуногункора барои тоза кардани роҳ ва бо маводи зиддилағзиш коркард намудани он сафарбар гардиданд. Техникаҳо аз ду самт оқибатҳои тармафароиро бартараф карда истодаанд.
Зикр гардид, ки айни замон ба сабаби банд будани қитъаи роҳи автомобилгард аз километри 43 то 73 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ карда шудааст. Аз ҳамаи ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки аз анҷом додани сафар тавассути роҳи мазкур то фароҳам омадани шароити мусоид худдорӣ кунанд.