Бо сабаби нобаҳангом паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, ки воситаи асосии таъминоти барқи кишвар аст, дар назар аст, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси мамлакат коҳиш меёбад ва реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шадидтар карда шавад. Айни замон ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои кишвар нисбат ба аввали моҳи март ба миқдори 15-20% коҳиш дода шудааст.
Ширкати «Барқи тоҷик» дар сурати идомаи яхбандиҳо дар болооби дарёи Вахш, ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар шаҳрҳои бузург, бо шумули пойтахтро аз эҳтимол дур намедонад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, дар ҳамин рӯзҳо ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш дар як сония 70-80 метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз ҳисоби миёнаи бисёрсола се баробар кам мебошад. Ҳаҷми оби обанбор дар соати 7-00-и рӯзи 13 март 863,53 метррро ташкил дода, ин маънои онро дорад, ки то нуқтаи ниҳоии техникӣ ҳамагӣ 6,53 метр об захира мондааст.
«Дар ҳар шабонарӯз аз рӯи меъёри ҷорӣ 50-55 сантиметр об хароҷот мегардад. Бе назардошти маҷро ин захира ба 13 рӯз расида, дар як вақт вобаста ба хунукӣ талабот ба нерўи барқ афзоиш меёбад ва дар ин ҳолат лозим меояд, ки кори нерӯгоҳи Норак боздошта шавад», – гуфтанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, агар дар баландкӯҳҳо яхбандӣ анҷом ёбаду бо фарорасии гармӣ обшавии зиёди барф оғоз гардад, аз вазъи бамаломада метавон раҳо ёфт.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори ҳукумат, шурӯъ аз 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он, минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат бо барқ таъмин карда мешуданд.
Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардида буд. Айни замон бинобар шадид гардидани реҷаи интиқоли барқ, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи кишвар ҳамагӣ 2-3 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъминанд.