Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои сохтмони НБО-ҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент, густариш ва фаъол намудани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати маводи сохтмон, саноати сабук ва насоҷӣ, саноати хӯрокворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба таърихи баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон иброз гардид, ки айни замон он барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ирсол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба мебошад ва ҷаласаи 4-ум 28 феврали соли 2011 моҳи феврал дар шаҳри Душанбе барпо гардида, баргузории ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Исломобод ба нақша гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо дар маҷмӯъ аз натиҷаҳои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.