spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қатъи интиқоли барқ ба тарабхонаҳои Душанбе


Ба як қатор нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ҷамъиятии пойтахт интиқоли барқ қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» чанде аз соҳибмулкони тарабхонаҳои пойтахт хабар доданд, қатъи интиқоли барқ ба онҳор бидуни огаҳии пешакӣ сурат гирифта, дар робита ба ин онҳо хисороти молӣ бардоштаанд, зеро маводи ғизоии захирашуда бинобар сабаби кор накардани яхдонҳо аллакай вайрону корношоям шуда истодааст.

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ОИ «Азия-Плюс» гуфтанд, дар хусуси қатъи интиқоли барқ ба ҳеҷ кадоме аз иншооти ҷамъиятии пойтахт қароре қабул нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, зимни шарҳи масъалаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи «Шабакаҳои барқи Душанбе» хабар доданд, ки дар робита ба омодагӣ ба ҷашни Наврӯз мақомоти раҳбарии идора дар ҷойи корӣ ҳозир набуда, дар иншоотанд ва то 18-уми март низ дар он ҷо хоҳанд буд. Аммо бобати дар кадом иншоот будани роҳбарон маълумот дода нашуд.

Дар идораи мазкур тасдиқ карданд, ки қарор дар бораи қатъи интиқоли барқ ба нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва бозорҳо миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва мақомоти шаҳрдории пойтахт мувофиқа шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар пойтахт танҳо ба иншооти қарздор аз пардохти маблағи истифодаи барқ интиқоли он қатъ шудааст. «Истеъмолгароне, ки аз истифодаи барқ қарздоранд, сарфи назар аз тарабхона, бозор ё дигар иншоот будан, аз истифодаи барқ маҳрум карда мешаванд, – гуфт ӯ. – Истеъмолгароне, ки қарздор нестанд, метавонанд бемалол ба корашон идома диҳанд».

Ёдгорӣ таъкид кард, ки қаблан бо назардошти ин рӯзҳои сардӣ ва камбуди нерӯи барқ, тасмим гирифта шуда буд, ки интиқоли барқ ба тамоми тарабхонаҳои шаҳр ва саунаҳо, ки барқро дар ҳаҷми ниҳоят зиёд истифода мекунанд, қатъ карда шавад. «Лекин баъдтар қарор шуд, ки дар сурати қарздор набудан, бояд иншооту муассисаҳои ҷамъиятӣ бо реҷаи маъмулӣ кор кунанд», – афзуд сухангӯйи ширкат.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби  нобаҳангом  паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, ки воситаи асосии таъминоти барқи кишвар аст, дар назар аст, ки  истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси мамлакат  коҳиш меёбад ва реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шадидтар карда мешавад. Айни замон бинобар шадид гардидани реҷаи интиқоли барқ, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи кишвар ҳамагӣ 3-4 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъминанд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, дар ҳамин рӯзҳо  ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш дар як сония  70-80 метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз ҳисоби миёнаи  бисёрсола се баробар кам мебошад. Айни замон ҳаҷми об дар обанбори Норак 863 метрро ташкил дода, ин маънои онро дорад, ки то нуқтаи ниҳоии техникӣ ҳамагӣ 6 метр об захира мондааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...