Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ лоиҳаи Кодекси нави андоз баррасӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бо мақсади ошноӣ бо эроду пешниҳодот оид ба ин лоиҳа созмон дода шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, чорабинӣ таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода доир гардида, ба он соҳибкорони инифиродӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, коршиносон ва журналистон даъват шудаанд.
Гуфта мешавад, эроду пешниҳодоти дар чорабинӣ ироашуда ба баррасии Комиссия оид ба таҳияи Кодекси нави андоз пешкаш карда мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар робита ба таҳияи Кодекси нави андоз ба унвони Комиссия оид ба таҳияи Кодекси нави андоз аз соҳибкорон, мақомоти андоз, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар андозсупорандагон беш аз 2 ҳазор пешниҳодоту тавсияҳо ворид шудаанд.
Мутобиқи қарори ҳукумат, лоиҳа бояд на дертар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардад.
Чанде қабл муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Рустам Ҷабборов изҳор карда буд, ки эҳтимол меравад шумори андозҳо дар Тоҷикистон аз 21 то 11 номгӯй кам карда шавад.
Кодекси андози амалкунанда, ки соли 2005 қабул гардида, ҳамасола ба он тағйироту иловаҳо ворид мегардиданд, чандин маротиба аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ, соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва коршиносн мавриди интиқод қарор гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол, аввали соли равон раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов зикр кард, ки мақомоти андоз тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки Кодекси нав ҳуҷҷате гардад, ки ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намояд.