Обу ҳавои номусоиди рўзҳои охир ва хавфи тармафароӣ ҳаракати нақлиёт дар қитъаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аз километри 43-юм то 169-ум аз ҷониби Бозрасии Давлатии Автомобилӣ муваққатан манъ карда шудааст.
Тавре аз филиали ширкати IRS, ки ба хизматгузории роҳи мазкур машғул аст,хабар доданд, ҳолати мазкур боиси ҷамъ шудани теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёт дар мавзеи Ҳушёрӣ гардид. Барои ронандагон ва мусофирони нақлиёти онҳо аз ҷониби Филиали IRS ғизо ташкилу тақсим карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, корҳои тарматозакунӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак идома доранд. Ба шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ накарда, коргарони роҳ бо ҷалби техника барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва ҳарчи зудтар кушодани роҳ тамоми кўшиши худро ба харҷ дода истодаанд.
Ҳамзамон иттилоъ расид, ки як гурўҳи коргарон таҳти роҳбарии сармуҳандиси минтақаи Варзоб зери тарма мондаанд. Ба аксари коргарон муяссар шуд, ки ҷон ба саломат баранд, ба истиснои сармуҳандис ва як коргари дигар, ки чанд муддат зери тарма монданд. Онҳо низ бо кўмаки кормандони ширкат наҷот дода шуда, ба касалхонаи наздиктарин интиқол дода шуданд.
То соати 17:00, дар қитъаи роҳ аз километри 42-юм то 73-юм дар як рўз фаромадани зиёда аз 73 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шудааст. Барои бартарафсозии оқибатҳои тармафароӣ техникаи Филиал, аз қабили боркунакҳои фронталӣ, автогрейдерҳо ва мошини гуногункора ҷалб гардидааст.