Ширкати миллии холдингии «Узбекнефтегаз» дар робита ба маълумоти дар ВАО чопшуда бобати
аз 1-уми апрел пурра қатъ гардидани интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон
як изҳорот интишор кард.
Ҳамин тариқ, дар
изҳороти мазкур
гуфта мешавад, мутобиқи банди 2.2-и қарордоди баимзорасида миёни ширкати саҳҳомии «Узтрансгаз» (сохтори фаръии «Узбекнефтегаз») ва «Тоҷиктрансгаз», ба интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 45 млн. метри мукааб танҳо дар семоҳаи аввали соли равон кафолат дода мешуд.
«Уҳдадориҳои вогузоршуда ба ҷонибҳо тибқи қарордоди мазкур пурра ба анҷом расиданд ва ҳар гуна буҳтонҳои фармоишӣ дар робита ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати «Узбекнефтегаз».
Ёдрас мекунем, ки пас аз сафари як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ба Ӯзбекистон,
дар таърихи 5-уми январи соли 2012 миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
дар бораи интиқоли газ ба Тоҷикистон қарордод ба имзо расида буд.