spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ӯзбекистон барчидани релсҳоро тасдиқ накард


КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ҳанӯз дар робита ба масъалаи барчидани релсҳо ба роҳи оҳани самти вилояти Хатлон аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ маълумоти расмӣ нагирифтааст.

«Маъмулан дар чунин ҳолатҳо ҷониби дигарро огоҳ мекунанд, вале мо аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ тасдиқи онро нагирифтаем», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Владимир Собкалов. – Гузашта аз ин, дар суҳбати телефонӣ мақомоти раҳбарии идораи «Ӯзбекистон темир йӯллари» изҳор карданд, ки айни замон корҳо баҳри ба қитъаи дигар кӯчонидани истгоҳи наздимарзии Амузанг ҷараён доранд ва ҳеҷ коре барои барчидани релсҳо сурат нагирифтааст».

Аммо, мегӯяд Собкалов, чанд рӯз пеш кормандони корхона тавассути дурбин мушоҳида кардаанд, ки роҳиоҳанчиёни ӯзбек ба барчидани релсҳо оғоз кардаанд.

Муовини сардори корхона аз он дар ҳайрат аст, ки чӣ гуна вагонҳои Ӯзбекистон, ки ба онҳо релсҳо бор мешаванд, дар марзи Тоҷикистон пайдо шудаанд. «Охир ҳамтоҳои ӯзбеки мо гуфта буданд, ки то ҳанӯз пули роҳи оҳани қитъаи Ғалаба-Амузанг барқарор нашудааст», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг дар қаламрави Ӯзбекистон такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.

Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», айни замон дар қитъаи роҳи Ғалаба-Амузанг беш аз 130 вагонҳои боркаш мутаваққиф шудаанд. Ин вагонҳо дорои маводи сӯзишворӣ, орд, ғалла ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия мебошанд, ки барои вилояти Хатлон ва ВМКБ ва ҳамчунин минтақаҳои шимолии Афғонистон пешбинӣ шудаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...