Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо роҳбари шуъбаи савдо ва атташеи тиҷоратии сафорати Австрия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Михаэл Мюллер мулоқот кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот дипломати австриягӣ изҳор кардааст, ки моҳи ноябри соли равон як гурӯҳи коршиносон оид ба иқтисоди Австрия ба Душанбе ташриф меоранд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масоили имкони роҳандозии ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати коркард ва сабук, дастрас кардани техникаи Австрия барои корхонаҳои хурду миёнаи бахши истеҳсоли гӯшту шири Тоҷикистон, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва рушди сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.