spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар «Тоҷиксемент» истеҳсоли семент қатъ шуд


Дар корхонаи бузургтарини истеҳсоли сементи Тоҷикистон – «Тоҷиксемент» бинобар мавҷуд набудани гази табиӣ истеҳсолот боздошта шуд.

Ба гуфтаи муовини директори корхонаи «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов, то моҳи апрел дар корхона ҳамарӯза то 600 тонна семент истеҳсол мегардид. «Аз 1-уми апрел интиқоли газ ба корхона қатъ шуд, ки ин боис ба қатъи кори мо гардид», – гуфт вай.

Ба эътиқоди Ҳакимов, коргарони корхона ҳамарӯза ба кор меоянд ва ҳанӯз дар бораи ихтисори ҳайати шахсии корхона сухан намеравад, ҳарчанд чунин вазъ ба руҳияи онҳо бетаъсир намонд.

«Мо дар ҳаҷми 16 ҳазор тонна семент захира кардем ва фикр мекунам, ки фурӯши он барои ду моҳ кифоя аст, – гуфт муовини директор. – Ман ба ин боварам, ки масъалаи барқарор кардани интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба таври мусбат ҳал мешавад».

Дар робита ба масъалаи болоравии нархи маҳсулот Ҳакимов иброз дошт, ки мавҷуд набудани гази табиӣ ва қатъи истеҳсолот ба нархи семент таъсир нарасонида, он дар сатҳи пештара – барои1 тонна 950 сомонӣ (199 $) боқӣ мемонад. «Вале бинобар сабаби болоравии қимати барқ нархи семент низ шояд андаке зиёд шавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар корхона муддати як соат 10-11 метри мукааб гази табиӣ истифода мешуд, ки арзиши он 375 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медод.

Дар робита ба масъалаи гузаштани корхона ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишворӣ Ҳакимов гуфт, бидуни гузаронидани ташхиси экологӣ, ҳалли масоили маблағгузорӣ, омӯзиши мутахассисон барои кор дар таҷҳизоти нав ҳалли ин масъала ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо  истифода мешаванд.

Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...