Чанде қабл дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати GIGAWATT Global (GWG) Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зери санади мазкур вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва президенти ширкати GWG Йозеф Абрамович имзо гузоштанд.
Мутобиқи санади баимзорасида, роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои ҷалби сармоягузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмону мавриди амал қарор додани нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал амалисозии лоиҳаҳои санҷишӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ оид ба насби таҷҳизот барои ба даст овардани энергияи офтобӣ дар назар аст.
GIGAWATT Global ширкати байнулмилалиест, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар бахши рушди сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия фаъолият дорад. Ширкати GWG дар тамоми ҷанбаҳои амалисозии лоиҳаҳо оид ба энергияи барқароршаванда аз таҷрибаи бою ғанӣ бархӯрдор буда, бо Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ва дигар созмонҳои маъруфи ҷаҳонӣ робита ва ҳамкории хуб дорад.