spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мусоидати ИМА ба тиҷорати фаромарзии барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон


Баъди анҷоми бомуваффақияти Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо намояндагии Хазинаи Оғохон дар ИМА  ва ҳамкории зич бо Ширкати “Помир Энержӣ” созишномаеро оиди мусоидатнамоӣ ба тиҷорати бурунмарзии нерӯи барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ба имзо расонд.

Чуноне аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, тавассути Лоиҳаи худ оид ба амният, самаранокии энергетикӣ ва тиҷорати минтақавии нерӯи барқ (RESET) илова ба тахминан 140 000 доллар, ки намояндагии Хазинаи Оғохон дар ИМА барои расонидани кӯмак ба Ширкати “Помир Энержӣ” ҷиҳати кашидани хатҳои фаромарзии интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти энергетикии ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон  тақдим намудааст, USAID 785 000 доллар таъмин менамояд. 

Дар доираи лоиҳа ба деҳаҳои Тижмой ва Пидруди назди Сарчашма  ва деҳаи Виёд нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Кор дар муддати 15 моҳ ба анҷом расонида мешавад.  Тавсеаи интиқоли бурунмарзии нерӯи барқ ба деҳаҳои иловагии мазкури ноҳияи Шуғнон ба ҳамкории энергетикии минтақавӣ мусоидат мекунад, фаъолияти минтақавии иқтисодиро вусъат мебахшад ва рушди корхонаҳои хурди тиҷоратии ноҳиявиро густариш медиҳад.  

Ҳангоми шарҳи созишномаи тозаимзошуда Сафир Кен Гросс қайд намуд: “Он сифати зиндагии аҳолии маҳаллиро тавассути бори аввал таври арзон ва устувор дастрас намудани нерӯи барқ барои таъмини рӯшноӣ, пухтупаз ва ниёзҳои дигари аввалиндараҷаи одам таври назаррас баланд мебардорад. Дастрасӣ ба нерӯи барқ инчунин ба мардуми Афғонистон ҷиҳати кушодан ё вусъатдиҳии соҳибкории хурд ва ҳамин тариқ ба беҳтарнамоии сарчашмаҳои зиндагӣ кӯмак мерасонад. Дар баробари  сармоягузориҳои саҳҳомӣ ба сохтмони пулҳо, бозорҳо ва роҳҳои нақлиётӣ, он ба рушди тиҷорат ва иқтисод дар мисоли пуштибонии Ҳукумати ИМА аз мушоракати минтақавӣ баҳри густариши ҳамкорӣ ва интегратсияи иқтисодии минтақавӣ ба манфиати тамоми аҳли минтақа мусоидат мекунад.  

Лоиҳаи USAID RESET яке аз лоиҳаҳои зиёди дастгирии рушд мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир шудааст. Аз соли 1992 сафорати ИМА дар Душанбе тахминан 984 миллион доллар ба барномаҳои тақвияти ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва болоравии иқтисодии Тоҷикистон таъмин намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...