Кормандони Вазорати молияи Тоҷикистон бо таҷрибаи ҳамтоҳои гурҷии худ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар хазинадорӣ ва сармоягузории берунӣ аз наздик ошно гардиданд.
Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар шаҳри Тифлис дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи PEMPAL оид ба мавзӯи «Хизматгузории молиягузории берунӣ дар хазинадорӣ» семинар баргузор шуда, дар кори он кормандони мақомоти молияи 10 кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар масоили марбут ба пешбурди ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар хазинадорӣ ва сармоягузории берунӣ матраҳ шуданд.
«Иштирокчиёни семинар бо ҷараёни роҳандозии ислоҳот дар соҳаи молияи Гурҷистон, ки аз ҷониби Хадамоти хазинадории ин кишвар татбиқ мешавад аз наздик шинос шуданд, – зикр карданд дар Вазорати молия. – Иштирокчиён ба низоми пешниҳоди хизматгузории электронии Хазинадории давлатии Гурҷистон, тарзи фаъолияти он ва ҳамчунин ба масоили марбут ба роҳбарӣ ва баҳисобгирии лоиҳаҳои аз ҷониби кишвару созмонҳои мададрасон амалишаванда таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд».
Зикр гардид, ки дар ҷараёни кори семинар иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки дар бахши таҷдиди низоми миллии хазинадории давлатҳо табодули афкори судманд намоянд.