Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» ба 153,1 млн. доллари ИМА расид. Тайи ин муддат дар корхона 74 ҳазору 058 тонна ашёи хоми алюминий ва 73 ҳазору 362 тонна алюминии аввалия истеҳсол гардид.
Бо пешниҳоди маълумоти мазкур сухангӯйи ширкати «ТАЛКО» Саёҳат Қодирова маълумоти дар хабари
ОИ «Азия-Плюс»
дарҷшуда бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро рад кард.
Саёҳат Қодирова таъкид кард, ки дар муқоиса бо семоҳаи 4-уми соли 2011 ҳаҷми афзоиши истеҳсолот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 8%-ро ташкил дод, ки гувоҳи зиёд гардидани иқтидорҳои истеҳсолии корхона аст.
Ғайр аз ин, С.Қодирова гуфт, дар ин давра «ТАЛКО» ҳамчунин ба зиёд кардани ҳаҷми фармоишҳо ба маблағи 5-6 млн. доллари ИМА бо шарикон дар Тоҷикистон ноил гардидааст, ки ин дар навбати худ ба рушди имконоти истеҳсолии саноати миллӣ мусоидат менамояд.