Маҷаллаи бритонии сайёҳии «Вандерлост» (Wаnderlust tourist magazine) феҳристи тозаи «Кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолибатарини ҷаҳон»-ро интишор кард, ки дар он Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд.
Чуноне муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Лочин Файзуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолибтарини ҷаҳон тавассути овоздиҳии хонандагони маҷалла интихоб шудаанд.
«Бино ба мулоҳизаву таассуроти сайёҳон, Тоҷикистон барои таҷрибаандӯзӣ дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид дошта, дар он ҷо метавон аз табиати зебо ва қуллаҳои осмонбӯс ҳаловат бурд», – гуфт як коршиноси масъули бахши рушди сайёҳии кумита.
Қобили зикр аст, ки маҷаллаи «Вандерлост» рӯйхати даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳиро аз рӯйи номинатсияҳои «Кишвари беҳтарин», «Шаҳри беҳтарин», «Кишвари ҷолибтарин», «Ширкати беҳтарини сайёҳӣ» ва «Фурудгоҳи байнулмилалии беҳтарин» ба чоп расонд.
Соли 2012 дар номинатсияи «Кишвари беҳтарин» мақоми аввалро Ҷопон касб намуда, шаҳри Луанг Прабани Лаос «Шаҳри беҳтарин» дониста шуд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта 183 ҳазор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид карданд. Ин шумор нисбат ба соли 2010 23 ҳазор нафар зиёдтар аст. Соли гузашта дар Тоҷикистон сайёҳони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Русия, ИМА, Чин, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Шимолӣ ҳузур дошта, ҳар як сайёҳ ба ҳисоби миёна ҳамарӯза то 500 доллари ИМА хароҷот мекард.