Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ният дорад, ки тамоми қарзҳои худро ба ҶСК «Сангтӯда-1» аз истифодаи барқ, аз ҷумла 5,1 млн. сомонии аз ҷониби суд таъиншударо пардохт намояд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми апрели соли равон Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «Сангтӯда-1» дар бораи аз ШСХК «Барқи тоҷик» рӯёнидани маблағи қарз барои истифодаи барқи нерӯгоҳро қонеъ кард. Суд қарор кард, ки ширкати энергохолдингӣ бояд талаботи даъвогии ҶСК «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ ва ҳамчунин хароҷоти судӣ ба маблағи 100 ҳазор сомониро пардохт намояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, онҳо ин қарзро эътироф намуда, кӯшиш бар харҷ медиҳанд, ки онро дар фурсатҳои наздиктарин ҳисоббаробарорӣ кунанд.
Бино ба маълумоти ширкат, маблағи умумии қарз дар назди нерӯгоҳ беш аз 250 млн. сомониро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки миёни ширкат ва нерӯгоҳ реҷаи пардохти давра ба давраи қарз таҳия шудааст.
Мувофиқи маълумоти дар сомонаи ҶСК «Сангтӯда-1» дарҷшуда, айни замон ҳаҷми маблағи қарзи ширкати энергохолдингӣ дар назди нерӯгоҳ ба зиёда аз 263 млн. сомонӣ (беш аз 55 млн. $) баробар аст.
Як манбаъ аз холдини энергетикӣ чунин изҳори умедворӣ кард, ки болоравии қимати истифодаи барқ аз 1-уми апрел воридоти маблағ ба суратҳисоби корхонаро афзун намуда, дар навбати худ ба пардохти қарзи нерӯгоҳ аз ҷониби ширкат шароит фароҳам меоварад.